Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони қарордоди Маскаву Теҳрон


Антон Силуанов
Антон Силуанов
Антон Силуанов-вазири молии Русия мегӯяд, ки имкони қарордоди доду гирифти миёни Русия ва Эрон баъд аз таҳримҳои СММ оғоз хоҳад шуд, на баъд аз таҳримҳои Амрико.

Силуанов 11 апрел дар Вашингтон гуфт, ки Русия “бо назардошти тасмимҳои СММ дар бораи таҳримҳо амал хоҳад кард”. Вай дар Вашингтон дар мулоқоти Сандуқи Байналмиллалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ ширкат дорад. Ба гуфтаи Силуанов, қонунҳои Амрико аз муқаррароти СММ фарқ дорад.

Як рӯз пеш, 10 апрел Ҷэк Лию-вазири молии Амрико ба Русия ҳушдор дод, ки ҳар гуна қарордоди Маскав бо Эрон барои табдили нафт бо молу коло метавонад сабаби таҳримҳои бештар шавад ва Амрико аз қарордоди Маскаву Теҳрон ба таври ҷиддӣ нигарон хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта хабаргузории Ройтерз гузориш дод, ки Эрон ва Русия як қарордоди бисёр миллиард доллариро баррасӣ мекунанд ва бар асоси ин қарордод Русия дар ивази нафти Эрон ба ин кишвар таҷҳизот ва молу коло хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG