Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз меёбад


Рӯзҳои 12-13-уми апрел бозиҳои даври аввали мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи имсола даҳ даста иштирок мекунад. Дар даври аввали мусобиқа рӯзи шанбе ду бозӣ миёни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) - «Энергетик» (Душанбе) ва «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) барпо мегардад.

Се бозии дигари даври якум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои “Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ССКА «Помир» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) ва «Равшан» (Кӯлоб) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) сурат мегирад.

Кумитаҳои доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии кишварро таъин карданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
12 –уми апрел, шанбе
Оғози бозӣ - соати 16:00

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе)
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Ёварони сардовар: Ҳасан Каримов (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Оғози бозӣ – соати 18:00
«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Ёваронаш: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

13-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа)
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Ёваронаш: Ҳасан Каримов, Насрулло Кабиров (ҳарду аз Норак).
Довари эҳтиётӣ: Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).
Нозири бозӣ: Маҳмадҷон Қурбонов (Хуҷанд).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ХАЙР» (Ваҳдат)
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Ёваронаш: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Эркин Мадибоев (Душанбе).

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров)
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Ёваронаш: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Рустам Хуҷаев (Қабодиён).
Нозири бозӣ: Сафар Каримов (Норак).
XS
SM
MD
LG