Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мухолифон дар ҳамоиши Бишкек


Ҳамоиши Бишкек
Ҳамоиши Бишкек
Пулиси Қирғизистон шумораи зиёди ҷонибдорони мухолифонро, ки дар Бишкек ба эътироз баромаднд, боздошт кард. 10 апрел дар боғи ба номи Горкий садҳо нафар фаъолон гирдиҳам омаданд. Ин ҳамоишро Ҷунбиши Миллии Мухолифон, ки чанд гурӯҳи мухолифон ба он шомиланд, ташкил кард.

Пулис мегӯяд, ки бештар аз 150 нафарро боздошт кардааст, зеро онҳо дар берун аз боғи Горкий ҷамъ омда буданд, дар ҳоле ки ҳамоиш танҳо дар доихии боғ барои ду соат иҷоза дода шуда буд.

Аммо Азимбек Бекназаров-сиёсатмадори мухолифон мегӯяд, ки тақрибан 500 нафар боздошт шудаанд. Мухолифон дар чанд шаҳри дигар чунин ҳамоишу раҳпаймоиҳо анҷом додаанд.

Онҳо тақозо доранд, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳур коҳиш ёбад, қарордодҳо дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ бо Русия бозбинӣ шавад, раҳоии раиси порламони пешин аз зиндон баррасӣ гардад ва миллӣ кардани кони аслии тилло мавриди баррасӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG