Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз додани маълумот дар бораи Ҷоҳар даст кашид


Акси наққошишудаи Ҷоҳар Тсарнаев
Акси наққошишудаи Ҷоҳар Тсарнаев
Бино ба гузоришҳо, Русия аз додани маълумот дар бораи яке аз гумонбарони бамгузориҳо дар ҷараёни дави умумӣ ё марафон ба FBI-и Амрико даст кашидааст. Ин маълумот ба ду сол пештар аз бамгузориҳои соли 2013 дар марафони Бостон иртибот мегирад.

Ҷоҳар Тсарнаев шаҳрванди чечентабори Русия барои куштори 3 нафар ва захмӣ кардани 264 нафар муттаҳам дониста мешавад. Бино ба хабарҳо, вай ва бародараш дар ҷараёни марафон бами дастисохтро мунфаҷир кардаанд. Темирлан-бародари Тсарнаев баъд аз ин ҳодиса аз тири корманди пулис ҷон дод.

Рӯзномаи “The New York Times” бо такя ба гузориши чопнашудаи ҳукумати Амрико дар шумораи 9 апрели худ аз қавли як мақоми аршади Аммрико чунин навиштааст: “Онҳо дарёфтаанд, ки Русия ҳамаи маълумотро, ки дар бораи гузаштаи Ҷоҳар дар ихтиёр дошт, надод ва FBI ҳар кореро, ки метавонист анҷом дод”.

Рӯзнома навиштааст, ба қонунгузорони Амрико рӯзи панҷшанбе дар бораи ин гузориш маълумот хоҳанд дод. Ин гузоришро Дафтари бозрасони умумии Ҷамъияти Кашф таҳия кардааст.
XS
SM
MD
LG