Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба Маскав ҳушдор дод


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО ба Русия ҳушдор дод, ки ҳар гуна таҷовуз ба Украина “иштибоҳи таърихӣ” хоҳад буд ва аз Маскав тақозо кард, ки нируҳои худро аз манотиқи марзии Украина ақиб кашад.

8 апрел вай зимни суханони худ дар Пориси Фаронса гуфт, ки таҷовуз ба хоки Украина барои муносиботи Маскав бо паймони НАТО “пайомадҳои маргбор” хоҳад дошт ва Русияро дар арсаи байналмиллалӣ бештар дар инзиво қарор хоҳад дод. Дар тавзеҳоте, ки пештар пахш шуд, Расмуссен аз Русия хост, ки “даҳҳо ҳазор нафар” нируи худро аз марз бо Украина фаро хонад.

Ин дархости Дабири куллли НАТО дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти расмии Украина бар зидди эътирозгарони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина мухолифат нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG