Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнестӣ аз ҳуқуқи лулиҳо дифоъ мекунад


Лулиҳо дар Белград
Лулиҳо дар Белград
Amnesty International ё Афви Байналмиллал аз афзоиши ҳамлаҳои нажодпарастона ба лулиҳо дар кишварҳои иттиҳодияи Аврупо интиқод кардааст. Дар робита бо Рӯзи байналмиллалии лулиҳо ин созмони ҳифзи ҳуқуқ аз ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки бо афзоиши ҳамлаҳои нажодпарастона ба лулиҳо мубориза кунад.

Селмин Калискан-раҳбари намояндагии Amnesty International дар Олмон гуфтааст, комилан қобили қабул нест, ки “лулиҳо дар Аврупо маҷбуранд дар шароити тарсу ҳароси доимӣ аз ҳамлаҳову бебандубориҳо зиндагӣ кунанд”.

Ба ақидаи Калискан, вазъ ва шароити зисти бисёре аз лулиҳо натиҷаи нодида гирифтани ҳуқуқи онҳост. Вай пешниҳод кардааст, ки бояд Кумиссиюни Аврупо ҷарима ҷорӣ кунад ва ҳар кишваре, ки мавозини ҳуқуқиро дар заминаи мубориза бо нажодпарастӣ риоят намекунад, бояд ҷарима шавад.
XS
SM
MD
LG