Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боди шадид сабаби марги марди 30 сола шуд


Таҳлука аз боди шадид
Таҳлука аз боди шадид
Дар шимоли Қирғизистон боди шадид як марди 30 соларо, ки боми хонаашро таъмир мекард аз по даровард. Хабаргузоориҳо менависанд, ки дар ноҳияи Иссиқ Олтин и вилояти Чуй дар деҳаи Покровка шамол ин марди 30 солара бурдааст ва дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардошта вай дар бемористон ҷон додааст.

Дар ин бора Хадамоти фавқулоддаи Қирғизистон ба матбуот хабар додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, суръати шамол ё бод дар як сония 35 метрро ташкил додааст ва ба сокинони дигари маҳаллӣ низ зарар расондааст. Ҳоло мизони хисорот ҳисоб мешавад.
XS
SM
MD
LG