Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Қулов: Баҳси марзӣ меросест, ки мо бояд талхиву ширинии онро бичашем


Феликс Қулов
Феликс Қулов

Рӯзи 7-уми апрел дар Қирғизистон чаҳорумин солгарди рӯйдодҳои соли 2010-ро баргузор карданд.

Дар ин рӯз Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳур аз Қирғизистон фирор кард ва дар ин кишвар раҳбарӣ ба дасти Роза Отунбоева гузашт. Ва баъд аз вай Алмасбек Атамбоев ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст. Ҳоло мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки он вақт мардум бар зидди ҳукумати ришвахор ва авлодии Қурмонбек Боқиев бархоста буд.

Дар чаҳорумин рӯзи солгарди ин рӯйдод дар Бишкек ва шаҳрҳои дигар маросимҳои вижа баргузор шуд. Дар майдони марказии Бишкек ва дар назди муҷассамаи ёдгории “Ата–Бейит”, ки 30 нафари қурбониёнро дар он ҷо дафн кардаанд, маросими ёдбуд баргузор шуд. Дар ин рӯйдодҳо дар маҷмуъ 87 нафар кушта шуда буданд.

Дар як гуфтугӯ бо Феликс Қулов-яке аз шахсиятҳои сиёсии ин кишвар ва раиси ҳизби “Ор-Номус” пурсидам, оё метавон гуфт, ки 4 соли пеш рӯйдодҳои 7 апрел роҳро барои анҷоми ислоҳоти демократӣ дар Қирғизистон боз кард?

Қулов: Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки роҳро боз кард. Кишвари мо аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми порламонӣ гузашт. Албатта, душвориҳо дар низоми порламонӣ зиёданд, чунки ин роҳ барои мо нав аст. Бо вуҷуди ин, пешрафтҳо ҳаст ва ҷомеа дарк мекунад, ки муваффақиятҳо дар пешанд. Барои он, ки дар низоми порламонӣ ошкорбаёнӣ бештар шуд. Мисли пеш тасарруфи ҳукумат вуҷуд надорад. Раиси ҷумҳур ҳам аз ҳамон мавқеъ рафтор мекунад, ки набояд аз салоҳиятҳои раиси ҷумҳур тибқи қонун фаротар равад. Баръакс вай мехоҳад, баъд аз хатми салоҳияташ ин мақомро тарк кунад".

Озодӣ: Бо назардошти таҷрибаи Қирғизистон ва мушоҳидаҳои шумо, оё чунин низоми давлатдорӣ барои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам муносиб аст?

Қулов: Медонед, ман намехоҳам дар ин бора изҳори назар кунам, барои он ки ҳар кас нуқтаи назари худро дорад. Гузашта аз ин, ҷомеа бояд барои қабули чунин низоми идорӣ омода бошад. Масалан, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аксарият мегӯянд, ки Қирғизистон то андозае зуд ба низоми порламонии давлатдорӣ рӯ овард, зеро кишвар бояд “шоҳ”-и одил дошта бошад, сохтори вертикалии ҳукумат вуҷуд дошта бошад. Чунин ақидаҳо кам нестанд. Барои ҳамин ман наметавонам бигӯям, ки кишварҳои дигар, ба вижа дар Осиёи Марказӣ омодаанд, ки низоми моро қабул кунанд. Мо роҳи душвори рушди худро дорем ва шароити мо таврест, ки дар гузашта мо ду президент-диктатор доштем ва онҳо ошкоро бар зидди мардуми худ кор мекарданд, ки дар натиҷаи он ҳукумати мардумӣ бояд аз байн мерафт”.

Озодӣ: Дар ин рӯзҳо дар матбуот хабарҳое ба нашр мерасанд ва дар он аз номи раҳбарони Қирғизистон рӯйдодҳои чаҳор сол пеши ин кишварро инқилоби мардумӣ қаламдод мекунанд. Фикри шумо чист, воқеан ҳам ин рӯйдодҳоро инқилоб арзёбӣ кардан мумкин аст?

Қулов: Ман, масалан, аз чунин нуқтаи назар ба ин рӯйдодҳо баҳо медиҳам: Агар баъд аз кудато ё табаддулот ягон беҳбудӣ мушоҳида нашавад, онро табаддулот бояд гуфт. Масалан, дар соли 2005 ҳам ҳамин гуна пешомадро Қирғизистон аз сар гузаронд, вале баъд аз он ягон тағйирот пеш наомад. Онро мо табуддулот мегӯем. Вале баъд аз соли 2010 тағйироти куллӣ пеш омад ва мо онро бозсозии инқилобӣ номида метавонем. Вале он тавр ҳам мешавад, ки ба ҷои як кас каси дигар ба раҳбарӣ меояд, вале моҳият тағйир намеёбад. Мутаассифона, баъд аз соли 2005 ҳамин тавр шуд. Ба дунболи он инқилоби воқеии мардумӣ рух дод”.

Суол: Шумо ба унвони раҳбари яке аз ҳизбҳои порламонӣ дар бораи роҳҳои ҳали бӯҳрони кунунӣ дар муносиботи Қирғизистон ва Тоҷикистон чӣ назар доред?

Қулов: Шояд масъалаи марзҳо меросест, ки аз гузашта мондааст ва мо бояд талхиву шӯриҳои онро бичашем. Дар гузашта доваре вуҷуд дошт, дар симои Маскав ва баҳсҳоро ҳал мекард. Ҳоло худамон бояд ҳал кунем. Муттаассифона, одамони мухталиф дар робита бо ин масъалаҳо бархӯрди мухталиф доранд. Ман фикр мекунам, ки ҳоло мо кам-кам ба ҳалли он наздик шудаем. Асос ин аст, ки бояд муноқишае рух надиҳад ва масъала танҳо аз роҳи сиёсӣ ҳал шавад, чунки муноқиша на ба Тоҷикистон ва на ба Қирғизистон фоида намеорад. Ман мутмаинам, ки роҳи ҳали хирадмандона пайдо мекунем ва бо ҳам ба тавофуқ мерасем. Ёдоварӣ мекунам, ки узви ҳизби мо аз “Ор-Номус” Абдураҳмон Мамадалиев аз ҷиноҳи порламонӣ ҳоло муовини нахуствазир интихоб шуд ва вай масъулияти масъалаҳои марзиро бар ӯҳда дорад. Мо ба вай вазифа гузоштем, ки ҳар чӣ зудтар ин масъалаҳо ҳал шаванд. Албатта, Тоқон Мамитов ҳам одами арзанда буд. Вале намояндаи ҷануби Қирғизистонро дар ин мақом гузоштем. Вай бо анъанаҳои аҳолии ҷануб ошност ва барояш бо онҳо забон ёфтан осонтар аст”.
XS
SM
MD
LG