Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои вилоятии Харковро озод карданд


Дар Украина бинои мақомоти вилоятии Харковро аз тарафдорони Русия комилан холӣ кардаанд. Ин афрод биноро пештар ба назорати худ дароварда буданд. Дар ин бора Арсен Аваков-вазири дохилаи Украина, ки дар Харков қарор дорад, дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст. Бино ба суханони Аваков, кормандони вилоятӣ ба кори худ давом медиҳанд.

Вазъ дар шарқи Украина, ки рӯзи якшанбе ба ҷонибдорӣ аз Русия тазоҳуроти чандҳазорнафарӣ баргузор шуд, ҳамчунон муташшаниҷ боқӣ мондааст. Рӯзи якшанбе тазоҳуркунандагон биноҳои идории Донетск, Харковро ишғол карданд ва дар Луганск контроли раёсати вилоятии Хадамоти амниятиро ба дасти худ гирифтанд. Бино ба хабарҳо, онҳо аслиҳаи дохили раёсатро тасарруф кардаанд.
XS
SM
MD
LG