Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Бан Ки Мун ба райдиҳандагони Афғонистон


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ райдиҳандагони Афғонистонро барои ширкаташон дар интихоботи 5 апрели раёсати ҷумҳурии ин кишвар шодбош гуфт. Дар паёме, ки тавассути сухангӯ пахш шуд, Бан Ки Мун райи мардумро “таърихӣ” ва “қадами муҳим” дар роҳи интиқоли бори нахусти қудрат аз роҳи демократӣ арзёбӣ кард.

Бан Ки Мун мегӯяд, райдиҳандагон “дар баробари таҳдиду тарс ҷасорат нишон доданд” ва “ба созмондиҳандагони хушунатҳо паёми қаввӣ фиристоданд, ки онҳо пируз шуда наметавонанд”.
Бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон аз 12 миллион нафар аҳолии воҷиди шароити рай тақрибан 7 миллион нафар баргаҳои райи худро ба сандуқҳо рехтанд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои пешакии оро 14 апрел ва натиҷаҳои ниҳоӣ 14 май эълон шавад. Агар ҳеҷ як аз номзадҳо бештар аз 50 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст наорад, дар он сурат даври дуввуми интихобот 28 май баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG