Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучори садама шудани танки вазорати дифоъ дар Шаҳристон


Як тонки вазорати дифои Тоҷикистон ҳангоми интиқол ба шимоли кишвар, дучори садама шудааст. Як манбаи наздик ба вазорати дифои Тоҷикистон, ки зарурати бурдани номи худро надонист, рӯзи 7-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар авохири ҳафтаи гузашта вақте танки навъи «Т-72»-и қисми ҳарбии «08 010»-ро ба яке аз қисмҳои ҳарбии шимоли кишвар интиқол медоданд, ки дучори садама шуда, нули (ствол)-и он каҷ шудааст.

Ин манбаъ гуфт, ки азбаски мошини борбаре, ки танкро мебурд, аз дохили тарозуи IRS воқеъ дар Шаҳристон убур карда натавонист, ночор хостанд аз канори он гузаронанд, аммо бинобар мулоим будани хок, мошини борбар лағжида, танк сарозер шудааст. Бо кӯмаки мошини борбардор танкро дубора рӯи мошини борбар гузошта, ба қисми ҳарбии вазорати дифоъ ба вилояти Суғд интиқол доданд.

Шоҳиди айнӣ Саидамир Соҳибов, сокини шаҳри Душанбе гуфт, вақте онҳо аз Хуҷанд ба Душанбе меомаданд, шоҳиди ин ҳодиса шудаанд. Вай гуфт, ки мошинҳои зиёд дар онҷо ҷамъ буданд ва роҳи дигарро аз канори тарозуи IRS ҳамвор намуда, мошини борбарро ба роҳи мошингард оварданд. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи шанбеи 4-уми апрел боз як танки навъи «Т 72 »-ро ба яке аз қисми ҳарбии шимоли кишвар интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG