Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори шаш сокини осоишта дар Латифияи Ироқ


Мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки афроди ношиноси мусаллаҳ рӯзи якшанбе, 6 апрел, шаш сокини осоиштаи мавзеи асосан суннинишини Латифияро рабуда, баъдан онҳоро тирборон кардаанд. Латифия дар 30 километрии ҷануби Бағдод ҷойгир аст.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст.

Хушунати миёни шиаҳо ва сунниҳо дар Ироқ дар ҳоле афзоиш меёбад, ки қарор аст рӯзи 30 апрел дар кишвар нахустин баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ интихоботи парлумонӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG