Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маҷористон интихоботи парлумонӣ мегузарад


Виктор Орбан
Виктор Орбан
Дар Маҷористон интихоботи парлумонӣ мегузарад. Бар пояи пурсиши афкори умум, нахуствазир Виктор Орбан ва ҳизби ростгарои ӯ ФИДЕС шонҳсои бештари пирӯзӣ дорад. Барои мақоми дуввум эътилофи чапгароҳо таҳти раҳбари Ҳизби сотсиалист ва ҳизби “Йоббик (“Барои Маҷористони беҳтар”) талош хоҳанд кард.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 Орбан ва ҷонибдоронаш бо бартарии зиёд пирӯз шуда буданд.

Мухолифини ҳукумат нахуствазирро дар маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандӣ ва бӯғӣ сохтани озодии баён айбдор мекунанд. Худи Орбан мегӯяд, ки вазифаи асосии ӯ – эътидоли иқтисод ва анҷоми ислоҳотест, ки бояд ба рафъи паёмадҳои манфии замони коммунистӣ мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG