Мақомоти интихоботии Афғонистон мегӯянд, ки бар асоси ҳисобҳои пешакӣ аз 12 миллион нафар аҳолии қобили рай 58 дарсади он дар интихобот ширкат ҷустаанд. Аҳмад Юсуф Нуристонӣ-раиси Кумиссиюни мустақили интихоботӣ гуфт, ки то нисфирӯзӣ 3,5 миллион нафар рай додаанд, ки 36 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Ин суханонро Нуристонӣ дар ҳоле изҳор дошт, ки даври аввали интихобот то андозае сулҳомез баргузор шудааст. Интихоботи мазкур қадами нахустини интиқоли демократии қудрат аз як нафар ба нафари дигар дар ин кишвар арзёбӣ мешавад.
Бо вуҷуди ин ки Толибон дар бораи ба ҳам занаи интихобот таҳдидҳо карда буданд, ҳамлаҳои шадид сурат нагирифтааст. Вале дар баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ аз камбуди варақа ё баргаҳои рай гузориш дода шудааст.
Дар интихоботи гузашта, ки дар соли 2009 баргузор шуд ва Ҳомид Карзай бори дуввум раиси ҷумҳур баргузида шуд, тақаллуби зиёди орои райдиҳандагон мушоҳида гардида буд.