Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон ҳавзаҳои рай баста шуданд


Дар Афғонистон ҳавзаҳои рай баста шуданд, бо вуҷуди ин мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ононе, ки барои райдиҳӣ дар назди ҳавзаҳо дар навбат истодаанд, ба дохили ҳавзаҳо роҳ дода мешаванд, то онҳо низ рай диҳанд.

Бино ба гузоришҳо, дар интихоботи рӯзи шанбе ширкати фаъоли райдиҳандагон мушоҳида шудааст. Нодир Нодирӣ-раиси Маҷмаи интихоботи озоду одилонаи Афғонистон дар ин бора изҳори назар кард.

Вале мақомот мегӯянд, ки гӯё як нафар дар робита бо интихобот кушта шудааст. Мақомоти интихоботии Афғонистон мегӯянд, ки ба сабаби ширкати зиёди мардум дар райдиҳӣ вақти райдиҳӣ як соати дигар илова хоҳад шуд. Аҳмад Юсуф Нуристонӣ-раиси Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон дар ин бора эъломияе пахш кард.

Боронҳои шадид дар баъзе ҷойҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар ширкати фаъоли райдиҳандагон чунин заруратро пеш овардааст.

Баъд аз райдиҳӣ, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҳамдиёрони худ хост, ки бо вуҷуди борону ҳавои сард ва таҳдидҳои амниятӣ ба қитъаҳои рай бираванд ва дар интихобот ширкат ҷӯянд.

Дар ин интихобот барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай 8 номзад ба мубориза пардохтаанд. Карзай ду давр раиси ҷумҳур интихоб шуд ва акнун тибқи қонун ҳақ надорад бори севвум худро номзад кунад.

Мақомот мегӯянд, ки барои таъмини амнияти интихобот 350 ҳазор нафар ниру сафарбар шудаанд. Толибон дар остонаи интихобот эълон карданд, ки интихоботро ба ҳам мезананд.
XS
SM
MD
LG