Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина гуфт, ки аз сӯи Русия боло бурдани қимати газ ангезаи сиёсӣ дорад. Ӯ рӯзи ҷумъа, 4 апрел, изҳор намуд, ки ба ҷуз ангезаи сиёсӣ дигар ягон сабаби то 485 доллар барои ҳазор метри мукааб афзоиш додани қммати газро намебинад. Аз нигоҳи нахуствазири Украина, қимати нави муқарраркардаи Маскав “ғайри қобили қабул аст ва Русия инро хуб дарк мекунад”.
Арсений Ятсенюк гуфт, Русия ӯҳдадор шудааст, ки ба Украина ба маблағи 15 миллиард доллар қарз диҳад ва аз ин 3 миллиард доллар ба Киев ироа шуд ва қарор буд, ки 2 миллиард доллари дигар имсол ба хотири лағви қарзи газ дар ихтиёри Украина гузошта шавад. Ӯ афзуд, ки агар Русия ӯҳдадории худ барои ироаи ин қарзро иҷро кунад, мо қарзамон барои гази Русияро адо мекунем.
Нахуствазири Украина ҳамчунин гуфт, “мо ҳама роҳҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, дипломатӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти энерҷии кишвар ва ҳалли мушкили марбут ба интиқоли газро истифода хоҳем бурд”. Яке аз роҳҳои бурунрафт аз ин бӯҳрон, ба гуфтаи Арсений Ятсенюк, дарёфти газ аз ҳисоби Словакия мебошад ва барои он Украина тақрибан 350 доллар барои ҳазор метри мукааб сарф хоҳад кард.