Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши қурби асъори хориҷӣ: 1 доллар 5 сомонӣ шуд


Қурби доллар cубҳи 4-уми апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе боло рафта, қимати 100 доллар ба 500 сомонӣ баробар шудааст. Саидаҳмад Акмалов, фурӯшандаи яке аз нуқтаҳои фурӯши асъори пойтахт рӯзи 4-уми апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дирӯз, 3-юми апрел 1 доллар ба 4 сомониву 99 дирам расид ва имрӯз ба 5 сомонӣ баробар шуд. Вай гуфт, ки ҳар сол дар марҳилаи аз моҳи январ то апрел доллар гаронтар шуда, боз ба ҳолати маъмулӣ бармегардад.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон сабаби раванди қиматшудани долларо муваққатӣ арзёбӣ намуд. Дафтари матуботи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки қимат шудани доллар омили аслӣ надошта як раванди муваққатие ҳаст, ки гоҳ баланд мешавад ва гоҳ қиматаш поиш меафтад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 3-юми апрел Бонки миллӣ дар хабари худ оид ба қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ зикр карда буд, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби доллар каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,9780-4,9910 дирам баробар аст.

Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро ҳам дар чанд рӯзи охир баланд гардидааст. Ҳоло қурбҳои миёнаи як рубли русӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 0,1388 сомонӣ ва як евро ба 6,795 сомонӣ баробар шуданд. Аммо нархи қурби асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ чунин аст: як доллар 4.8502 сомонӣ, як евро 6.5923 ва як рубли русӣ ба 0.1370 сомонӣ.
XS
SM
MD
LG