Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соҳилҳои Чили боз як заминларза рӯй дод


Дар соҳилҳои Чили рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, боз як заминларзаи мудҳиш рӯй дод. Ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, маркази заминларзаи нерӯяш 7,4 дараҷаи Рихтер дар қаъри даҳ километр дар Уқёнуси Ором ва дар 40-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Икике буд. Дар бораи қурбониён ё харобиҳо аз ин офати табиӣ ҳанӯз иттилоъ нарасидааст.

Як рӯз аз ин пеш дар соҳилҳои Чили заминларзаи нерӯяш 8,2 дараҷаи Рихтер ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он, ба иттилои пешакӣ, панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. 2600 манзил валангор шуд. Тақрибан 900 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Раисиҷумҳури Чили Мишел Бачелет аз мардуми манотиқи офатзада даъват намуд, ки ором бошанд ва ба дастурҳои мақомот гӯш диҳанд.
XS
SM
MD
LG