Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз як миллион суриягиҳо дар Лубнон панаҳ бурдаанд


Яке аз қароргоҳҳои паноҳандагон дар Лубнон
Яке аз қароргоҳҳои паноҳандагон дар Лубнон
Теъдоди паноҳандагони суриягӣ дар Лубнон аз марзи як миллион нафар убур кард. Дар изҳороти Идораи СММ дар умури паноҳандагон, ки рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, нашр шуд, омадааст, айни ҳол Лубнон аз рӯи теъдоди паноҳандагон ба сари аҳолӣ дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза ба ин кишвар дуву ним ҳазор фирориён аз Сурия ворид мешаванд. Раиси Идораи СММ дар умури паноҳандагон Антонио Гутерреш изҳор намуд, ки вуруди теъдоди бузурги фирориён рӯи иқтисоди Лубнон таъсири манфӣ гузоштааст.

Аз оғози нооромиҳо дар Сурия дар моҳи марти соли 2011 тақрибан 9,5 миллион нафар ё ҳудуди нисфи аҳолии кишвар манзилҳои худро тарк намудаанд. Дувуним миллион нафари онҳо дар Туркия, Урдун, Ироқ, Миср ва дигар кишварҳо панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG