Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко номзадиашро фаро намехонад


Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина гуфтааст, ки вай номзадиашро аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба нафъи ҳеҷ номзади дигар фаро намехонад ва бо ҳеҷ номзади дигар ҳам вориди задубанд нахоҳад шуд. Тимошенко ин суханони худро дар нишасти матбуотие дар Киев изҳор дошт.

Як рӯз пеш Виталий Кличко-раиси ҳизби УДАР аз Тимошенко хост, ки номзадиашро фаро хонад ва аз номзадии Петро Порошенко- соҳибкори миллиардер дастгирӣ кунад. Тибқи назарсанҷиҳо ҳоло Порошенко дар сафи пеши муборизаҳои интихоботӣ қарор дорад.

Тимошенко бори дигар дар бораи зарурати баргузории интихоботи зудраси порламонӣ таъкид кард. Вай гуфт, “баргузории интихоботи зудрас ягона роҳи тағироти ҷиддӣ дар фаъолияти порламон хоҳад буд”.

Кличко рӯзи шанбе номзадиашро ба нафъи Петро Порошенко фаро хонд ва 31 март дар як мақолаи худ дар рӯзномаи олмонии “Bild” навишт, ки вай “масъулият”-и ба тарафи Порошенко баргардонидани Тимошенкоро бар уҳда хоҳад гирифт. Акнун Кличко мехоҳад шаҳрдори Киев шавад.
XS
SM
MD
LG