Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон кӯмак ба Украинаро ба тасвиб расонд


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико пешнависи қонунеро ба тасвиб расонд, ки дар он ҳамчунин кӯмак ба Украина ва таҳримҳои зидди Русия барои пайвастани Қрим ба Русия дохил мешавад. Рӯзи сешанбе 375 намоянда ба ҷонибдорӣ аз ин пешнависи қонун ва 34 нафари дигар бар зидди он рай доданд.

Пешнависи қонун барои имзо ба Барак Обама-раиси ҷумҳури кишвар фиристода шуд ва баъд аз имзо ин қонун эътибор пайдо мекунад.

Сенат ҳафтаи гузашта ин пешнависро ба тасвиб расонда буд ва дар он як миллиард доллар қарз ба Украина дар назар гирифта шудааст. Дар он ҳамчунин замимае вуҷуд дорад, ки бар асоси он ҳукумати Обама бар зидди афроди наздик ба Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ва бонкҳои ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардааст. Вуруди нируҳои Русия ба Қрим сабаби ба вуҷуд омадани холигоҳи амиқ дар муносиботи миёни Маскав ва Вашингтон шудааст.

Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико пешнависи қонуни дигареро низ ба тасвиб расонд, ки бар асоси он барои афзоиши барномаҳои радиои Апрупои Озод ва радиои Садои Амрико барои шарқи Украина, аз ҷумла барои Қрим маблағи иловагӣ ҷудо мешавад. Ин радио барномаҳои таблиғотии Русия дар ин минтақаро хунсо мекунад. Ин тарҳро низ Сенат ба тасвиб расондааст.
XS
SM
MD
LG