Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳюстон: Ҷустуҷӯи Боинг-777 моҳҳо идома хоҳад кард


Мақомоти Австралия, ки дар ҷустуҷӯи ҳаопаймои нопадидшудаи ширкати ҳавопаймоии Малайзия ширкат доранд, ҳадс мезананд, ки талошҳои пайдо намудани Боинг-777 боз муддати тулонӣ идома хоҳад кард. Ангуст Ҳюстон, собиқ вазири дифои Австралия амалиёти ҷустуҷӯи бо истифода аз киштиву ҳавопаймоҳоро мушкилтарин дар солҳои ахир номид.

Айни ҳол амалиёти ҷустуҷӯ дар бахши ҷанубии Уқёнуси Ҳинд, дар ғарби Австралия идома дорад.

Боинг-777 бо 239 мусофир шоми рӯзи 7 март баъд аз ду соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур аз экранҳои радарҳо нопадид шуд. Ҳавопаймо бояд субҳи рӯзи дигар дар фурудгоҳи шаҳри Пекин фуруд меомад.

Ин ҳафта мақомоти Малайзия сабти охирин гуфтугӯи халабонҳо бо сохторҳои назорати парвозро нашр карданд ва аммо дар онҳо дар бораи мушкиле дар парвоз ҳарфе зада нашудааст.
XS
SM
MD
LG