Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар: Дар Сурия 150 ҳазор кас қурбон шудааст


Як созмони ғайриҳукуматии воқеъ дар Бритониё мегӯяд, ки аз оғози низоъ дар Сурия дар моҳи марти соли 2011 дар ин кишвар беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия рӯзи сешанбе, 1 апрел, хабар дод, ки миёни қурбониён 8 ҳазор кудакон ҳам ҳастанд. Ба иттилои ин созмон, дар набардҳо беш аз 58 ҳазор афсару сарбози ҳукуматӣ ва 38 ҳазор ҷонибдорони мухолифини мусаллаҳ кушта шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар бораи ҳалокати 364 узви гурӯҳи шиаи "Ҳизбуллоҳ" дар набардҳо дар Сурия низ иттилоъ додаанд.
XS
SM
MD
LG