Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 700 мошин 4 соат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дармонданд


Ҳудуди 700 мошине, ки шаби 30-юм ба 31-уми март дар наздикии нақби «Истиқлол» бар асари тармафароӣ банд монданда буданд, пас аз чаҳор соат имкони убур пайдо намуда ба пойтахт расидаанд. Навбатдори ширкати IRS, ки масъули нигоҳубинии ин роҳ аст, рӯзи душандбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки субҳи имрӯз, 31-уми март роҳи монишингард дар наздикиҳои нақби «Истиқлол» аз тармаҳо тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо таъмин карда шудааст. Ширкати IRS мегӯяд, ки ҳоло мавсими тармафароӣ аст ва бидуни огоҳии онҳо, набояд ронандаҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракат кунанд. Вале ронандаҳо шикоят мекунанд, вақте ки аз тарозуҳои IRS убур мекунанд, кормандони тарозуҳо аз масдуд будани роҳ ё резиши тармаҳо огоҳ намекунанд ва ноогоҳона мусофирон нимашабҳо ва рӯзонаҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.

Шаби гузашта бар асари тармафроӣ дар чанд нуқтаи мавзеъи Майхураи ноҳияи Варзоб роҳ банд шуда буд, вале субҳи имрӯз булдозерҳои IRS роҳро тоза кардаанд. Аммо Гулмаҳмад Сафаров, сокини шаҳри Душанбе дар соати 21-47 ба радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, ки ҳангоми берун шудан аз нақби «Истиқлол» дар назди тармаҳо дармондаанд ва тақрибан дар ду тарафи тармаҳо беш аз 700 мошин дармондааст. Вай гуфт, ки ҳарчанд тайи се соат мунтазир мондаанд, вале ҳеҷ кӯмаке аз тарафи IRS ва Вазорати нақлиёт нарасидааст.

«Мо дигар мунтазир нашудем ва бо машварат бо дигар ронандаҳо таи нимсоат мошинҳои борбарро хоҳиш намуда дар як тарафи роҳ ҷобаҷо намуда аз болои тарма, ки андаке об шуда буд убур кардем, ки соат тақрибан аз яки шаб гузашта буд»,

Субҳи имрӯз мо бо дигар ронандаҳое, ки дар ин мавзеъ шаби гузашта дармонда буданд дар тамос шудем, онҳо гуфтанд, як илоҷе карда тақрибан то соати 3-и шаб убур кардаанд ва дар миёнаи роҳ ҳеҷ мошине боқӣ намондааст.
XS
SM
MD
LG