Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози хориҷӣ дар Зобули Афғонистон


Бар асари таркиши бомби сарироҳӣ дар вилояти Зобул, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, як сарбози нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ба ҳалокат расид. Марги сарбозро рӯзи якшанбе, 30 март, намояндаи Эътилоф капитан Патрик Симонс тайид кард. Дар бораи ҳуввияти сарбози кушташуда иттилоъе нест. Ба гуфтаи волии улусволӣ Абдулхолиқ Аюбй, бомби идорашаванда дар ҳоле инфиҷор карда шуд, ки як гурӯҳ аз сарбозони хориҷӣ ба канори шаҳри Қалат, маркази вилояти Зобул, расиданд. Ӯ афзуд, ки дар ин ҳодиса се тан аз низомиён ҷароҳат бардоштаанд.

Таъмини амнияти аксари вилоятҳои Афғонистон бар ӯҳдаи нерӯҳои амнияти миллии кишвар гузошта шудааст. Аммо нерӯҳои байнулмилалӣ гоҳ-гоҳ минтақаҳои нооромро назорат мекунанд ва дар сурати зарурӣ ба нерӯҳои афғон мадад мерасонанд.
XS
SM
MD
LG