Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Вошингтон ва Ар-Риёз шарикони стратегӣ боқӣ мемонанд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА ва Абдулло бин Абдулазиз Ал-Сауд, шоҳи Арабистони Саудӣ, дар мулоқот дар Ар-Риёз рӯзи ҷумъа тайид карданд, ки кишварҳояшон шарикони стратегӣ боқӣ мемонанд, ҳарчанд дар бархе масоили байнулмилалӣ миёни онҳо ихтилофи назари “тактикӣ” мавҷуд аст. Дар ин бора рӯзи шанбе, 29 март, як мансабдори аршади амрикоӣ ба хабаргузории Reuters иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар музокироти сарони ду кишвар мавзӯи Сурия дар меҳвар қарор дошт.

Аз ин пеш Associated Press бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати Амрико хабар дода буд, ки Вошингтон имкони лағви таҳрим барои ба мухолифини мусаллаҳи Сурия ироа кардани таҷҳизоти мушакиро баррасӣ мекунад. Арабистони Саудӣ ҷонибдори дар ихтиёри мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Димишқ гузоштани ин силоҳ аст.

Дар изҳороти расмии Кохи Сафед, ки баъд аз мулоқоти Барак Обама ва Абдулло бин Абдулазиз Ал-Сауд нашр шуд, омадааст, Амрико ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳо дар чанд бахш, аз ҷумла, низоъ дар Сурия, мубориза бо терроризм ва раванди музокироти сулҳ дар Ховари Миёнаро идома медиҳанд. Ҳамчунин ҳарду кишвар талош мекунанд, ки аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон ҷилавгирӣ кунанд, гуфта шудааст дар изҳорот.
XS
SM
MD
LG