Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилӣ дар ташкили эътилофи порламонӣ


Алмазбек Атамбаев
Алмазбек Атамбаев
То ҳол ба порламони Қирғизистон муяссар нашудааст, ки барои интихоби аъзои ҳукумати нави эътилофӣ аз ҳисоби ҳизбҳо аксарияти порламониро ташкил диҳад. Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур умед дорад, ки ҳизби Сотсиал-Демократи вай дар аввалин талош аксарияти порламониро созмон медиҳад.

Вай мегӯяд, агар дар аввалин талош чунин кор даст надиҳад, дар он сурат бо такя ба Қонуни Асосӣ ба ҳизби дигар дастур хоҳад дод, то ҳукмати навро ташкил кунад. Агар чунин талош ҳам натиҷа надиҳад, дар он сурат Атамбоев омода аст аз ҷиноҳҳои ҳизбӣ бихоҳад, ки худашон муттаҳид шаванд ва ҳукумат ташкил кунанд.
Атамбоев ин суханонро дар мусоҳиба бо телевизиони Қирғизистон изҳор доштааст.

Агар ин талошҳо ҳам натиҷа ба бор наовард, дар он сурат порламон пароканда ва интихоботи нави порламонӣ эълон хоҳад шуд. Вале Атамбоев бар ин ақида аст, ки кор то ба пароканда кардани порламон нахоҳад расид.
XS
SM
MD
LG