Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба тарҳи CASA-1000 $ 526 млн қарз дод


Нақшаи CASA-1000
Нақшаи CASA-1000
Бино ба хабари дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ, ин бонк тасмим гирифтааст, ки барои эҳдоси шабакаи интиқоли нируи барқи Тоҷикистону Қирғизистон 526 миллион доллар ихтисос додааст.

Ин шабака бо номи CASA-1000 машҳур аст ва 1200 километрро ташкил медиҳад. Моҳи октябри соли гузашта ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки корҳо барои иҷрои ин тарҳ дар моҳи июни соли 2014 оғоз меёбанд.

Арзиши ин тарҳ 1 миллиарду 17 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сармоягузории он сохторҳои дигар, аз ҷумла Бонки исломии рушд ва Ожонси рушди байналмиллалии Амрико саҳм хоҳанд дошт.

Бино ба тасмими Бонки Ҷаҳонӣ, аз 526 миллион доллар 316 миллион доллар ба Афғонистон, 45 миллион доллар ба Тоҷикистон ва 120 миллион доллар ба Қирғизистону Покистон қарз дода мешавад.
XS
SM
MD
LG