Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути мушаки ҳавошиносии Русия дар Қазоқистон


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки як рокет ё мушаки ҳавошиносии Русия дар наздикии деҳае дар ғарби Қазоқистон суқут кардааст. Вазорати дифои Қазоқистон ин хабарро рӯзи ҷумъа пахш кард. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин рокет субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии деҳаи Шунгай афтодааст.

Бо вуҷуди он ки пораҳои ин рокет дар як километрии деҳа пайдо шудааст, дар бораи талафот ва ё асобати он гузориш дода намешавад. Мақомоти қазоқ ҳамчунин гуфтаанд, ки суқути ин рокет ба муҳити зисти атроф зарар накардааст.

Рокети MN-300 аз пойгоҳи низомии Русия дар Капустин Яр воқеъ дар вилояти Астрахан партоб шуда буд ва дар ин бора ба ҳукмати Қазоқистон хабар дода буданд. Мақомоти Қазоқистон ба сабаби идомаи расидагӣ ба суқути як мушаки дигари Русия муваққатан партоби рокетҳо ё мушакҳоро аз хоки худ мамнуъ карда буданд.
XS
SM
MD
LG