Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Белорус барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон


Белорус барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмаки фаннӣ ба маблағи 3 миллион доллар ироа мекунад. Олга Гаврук, сафири Белорус дар Душанбе, рӯзи ҷумъаи 28-уми март дар ҳамоиши байналмилалии "Мушкилоти амнияти кишварҳои Авро-Осиёи Марказӣ дар шароити сохтори нави ҷаҳон» гуфт, ки чунин тасмимеро Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус қабул кард.

Ба гуфтаи хонум Гаврук, тасмими Белорус барои кӯмак ба Тоҷикистон дар пайи сафари ҳайате аз коршиносони СПАД ба марзи ин кишвар бо Афғонистон сурат мегирад. Сафири Белорус афзуд, ки дар ҳоли ҳозир раванди таҳияи аснод ва дигар масоили созмондиҳии кӯмаки фаннии Белорус ба Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди хонум Гаврук, Белорус аз ҷумлаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ аст, ки дархости Тоҷикистон барои тақвияти марзи ин кишвар бо Афғонистонро, пас аз хуруҷи нируҳои НАТО аз қаламравҷи Афғонистон ҷонибдорӣ кардааст.

Сарони кишварҳои узви СПАД дар нишасти моҳи сентябри соли гузаштаи худ барои ироаи кӯмаки фаннӣ ба манзури таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иттифоқи назар доштанд. Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли 1400 км марзи муштарак дорад ва бо таваҷҷӯҳ ба берун шудани нируҳои Эътилофи Байналмиллаӣ ё НАТО аз қаламрави Афғонистон то поёни соли ҷорӣ эҳтимоли хатару таҳдидҳо аз ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон вуҷуд хоҳад дошт. Зимнан, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба унвони марзи ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG