Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко вориди сабқати президентӣ хоҳад шуд


Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Украина, нияташ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳуриро тайид кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 27 март, дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, дар анҷумани қарибулвуқӯи ҳизби “Баткившина” хоҳиш хоҳад кард, ки ӯро расман ба ин мақом пешбарӣ кунанд. Ӯ афзуд, ман мутмаинам, ки метавонам Украинаро аз таҷовузи Руcия ҳифз кунам ва Қримро ба ҳайати кишвар баргардонам”.

Интихоботи қабл аз вақти президентии Украина рӯзи 25 май баргузор мешавад. Довталабҳо бояд то рӯзи 4 апрел худро сабти ном кунанд.

Соли 2011 Юлия Тимошенко бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ба 7 соли маҳбас маҳкум шуда буд. Баъд аз тағйири ҳукумат дар Украина ӯ тавонист, ки маҳбасро тарк намояд.
XS
SM
MD
LG