Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Покистон бо Толибон гуфтугӯ мекунанд


Интизор меравад, имрӯз дар як маҳалли махфие дар шимолуғарби Покистон, намояндагони ҳукумати ин кишвар ва Толибон бори аввал рӯ ба рӯ мулоқот кунанд. Баъди оғози музокироти сулҳ миёни ду тараф бори аввал аст, ки мақомоти Покистон ва Толибон бо ҳам мустақиман тамос мегиранд. Иброҳим Хон, як рӯҳонии намоянда аз Толибон гуфт, ки ҳайати ҳукуматӣ ба раҳбарии Ҳабибуллохон Хаттак, бо чархбол ба маҳалли музокирот ва ба қавли ӯ ба “минтақаи сулҳ” мераванд. Толибон моҳи феврал эълон карданд, ки барои имкон додан ба эҳёи музокироти сулҳ барои як моҳ аз ҳамлаву ҷанг даст мекашанд ва ҳукумати Покистон ҳам дар посух ҳамлаҳои ҳавоӣ ба паноҳгоҳҳои Толибонро мутаввақиф кард. Музокироти ду тарафро талоше барои хотима додан ба ҳамлаву хунрезиҳо медонанд, ки тайи солҳои ахир ҷони садҳо нафарро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG