Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ ду мушаки дигар партоб кард


Куриёи Шимолӣ дар идомаи силсилаи мушакандозӣ, субҳи чаҳоршанбе ду мушаки дигари миёнабурдро ба баҳр партоб кардааст, ки ин амалро як навъ эътироз ба размоиши муштараки Амрикову Куриёи Ҷанубӣ медонанд. Хабаргузории Ёнҳапи Куриёи Ҷанубӣ аз қавли раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар навиштааст, ки “мушакҳои баллистикиро аз Куриёи Шимолӣ аз минтақаи Сукчон дар шимоли Пхенян ба Баҳри Шимолӣ партоб кардаанд.” Ба гуфтаи ӯ, мушакҳои Нодонг тақрибан 650 километр парвоз кардаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико, амалкарди Куриёи Шимолиро “иғвобарангезӣ” хонд. Вазорат бо нашри баёнияе гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш аз ҷумла дар Шӯрои Амният саъй доранд, бо ҳамоҳангӣ “иқдомоти муносиб” андешанд.
XS
SM
MD
LG