Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз сафороии нируҳои Русия нигарон аст


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО гуфт, ки ин паймон аз сафороии нируҳои Русия дар марзҳои Украина хеле нигарон аст. Баъд аз музокирот бо Мило Ҷуканович-нахуствазири Монтенегро ё Черногория оқои Расмуссен гуфт, ки ин паймон омода аст аз ҳамаи кишварҳои узв дифоъ кунад ва ҳамчунин бо Киев роҳҳои беҳтари ҳимоят аз Украина-кишвари берун аз паймонро баррасӣ намояд.

Ҷуканович гуфт, кишвари вай умед дорад, ки дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв дар моҳи сентябр узвияти худ дар НАТО-ро ба миён гузорад.

Босния, Гурҷистон ва Македония низ алоқамандии худро ба узвияти НАТО нишон доданд. Аммо Расмуссен гуфт, ки тасмим барои узвият дар ихтиёри ин паймон аст ва бояд дархостҳо барои узвият омӯхта шавад.
XS
SM
MD
LG