Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Назарбоев дар Ҳейг мулоқот карданд


Барак Обама ва Нурсултон Назарбоев - раисони ҷумҳури Амрикову Қазоқистон рӯзи сешанбе дар сафоратхонаи Амрико дар Ҳейги Ҳолланд бо ҳам мулоқот карданд. Мақоми расмии Амрико дар бораи мавзӯи баррасишуда чизе нагуфт.

Қазоқистон ҳампаймони наздики Русия ва яке аз аъзои калидии Иттиҳодияи Гумрукии зери назари Маскав ба шумор меравад. Вале вай дар суханони худ роҷеъ ба забти Қрим тавассути Русия бетфовутӣ нишон медиҳад.

Аҳолии манотиқи шимолии Қазоқистонро, ки бо Русия ҳаммарз мебошад, аслан мардуми русзабон ташкил медиҳанд. Обама ва Назарбоев 11 март, яъне як рӯз пеш аз лағви сафари Назарбоев ба Маскав телефонӣ дар бораи бӯҳрони Украина сӯҳбат карда буданд.
Ҳоло Обама ва Назарбоев дар Ҳолланд дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои ҳастаӣ ширкат мекунанд.

Ин ду раиси ҷумҳур рӯзи сешанбе дар бораи “адами густариши аслиҳаи ҳастаӣ ва таҳкими амнияти ҳастаӣ” эъломияи муштарак пахш карданд.
XS
SM
MD
LG