Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 сарбози яманӣ дар як ҳамлаи ғофилгирона


Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як постгоҳи низомӣ дар шарқи Яман дасти кам 20 сарбоз кушта шуданд. Шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳамла ба ин постгоҳ дар вилояти Ҳадрамут субҳи барвақти рӯзи душанбе, 24 март, дар ҳоле сурат гирифт, ки сарбозон хоб буданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти маҳаллӣ ангушти иттиҳом сӯи созмони “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Араб карданд, ки мусаллаҳонаш дар Яман фаъоланд.
XS
SM
MD
LG