Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қрим рубли русӣ вориди муомилот шуд


Дар нимҷазираи ғасбшудаи Қрим аз рӯзи душанбе, 24 март, рубли русӣ вориди муомилот шуд. Раиси Бонки Қрим Николай Барилюк гуфт, ки гузариш ба рубли русӣ ба тадриҷ сурат мегирад – то рӯзи 1 январи соли 2016 дар Қрим ҳам рубли русӣ ва ҳам гривнаи украинӣ баробар дар муомилот хоҳанд монд. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, маошу пули нафақа ва идрорпулии донишҷӯён бо рубли русӣ пардохт мешавад.

Қарор аст, ки Маскав барои эътидоли молиявӣ дар Қрим дар зудтарин фурсат ба ин минтақаи замимашуда 1 миллиард рубл интиқол диҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузории РИА Новости, дар Қрим аз ҳоло дарёфти гривна мушкил шудааст, бештари бонкҳои тиҷоратӣ барои аз ҳисобҳо гирифтани пули украинӣ маҳдудият ҷорӣ кардаанд – шаҳрвандон рӯзе фақат 300-500 гривна метавонанд дарёфт кунанду халос. Дар канори бархе аз бонкҳо аллакай навбатҳо пайдо шудаанд.

Сарнавишти худи бонкҳо низ алҳол рӯшан нест, зеро бештари онҳо филиалҳои бонкҳои Украинаанд. Мақомоти Қрим ҳушдор доданд, ки дар сурати аз сӯи Киев мунҷамид шудани ҳисобҳои бонкии шаҳрвандони нимҷазира, бонкҳо миллӣ карда ва фурӯхта мешаванд.
XS
SM
MD
LG