Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи НАТО:"Русия мисли душман амал мекунад"


Яке аз фармондеҳони олирутбаи НАТО ҳушдор додааст, Русия нерӯҳои зиёдеро дар марзҳои Украина ҷойгир кардааст ва бо ин кораш ба минтақаи ҷудоихоҳи Трансднестр дар Молдова таҳдид мекунад. Филип Бридлов, генерали амрикоӣ ва фармондеҳии олии НАТО дар Аврупо, рӯзи якшанбе дар як нишасте дар Бундёди Маршалл дар Брюссел гуфт, Русия бо НАТО «на мисли шарик, балки мисли душман амал мекунад». Ӯ афзуд, Русия ҳоло дар марзҳои шарқии Украина «нерӯҳои бисёр зиёду омода дорад», ки агар Маскав бихоҳад, ба Трансднестр мешитобанд.» Ӯ афзуд, басиҷ кардани нерӯҳо, бисёр нигаронкунанда аст.
XS
SM
MD
LG