Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аксари пойгоҳҳои Қримро гирифтааст


Баъди ба даст овардани ду пойгоҳи низомии Украина дар Қрим дар рӯзи шанбе нерӯҳои Русия тақрибан ҳамаи таъсисоти низомии Украинаро таҳти назорат гирифтанд. Рӯзи шанбе сарбозони рус бо мошинҳои зиреҳпӯш ва тирандозӣ вориди пойгоҳи Белбек шуда, онро ишғол карданд. Як сарбози украинӣ дар инҷо захмӣ шуд. Яке дигар аз пойгоҳҳои низомӣ дар Новофедоровка дар наздикии шаҳри Севастополро баъди ҳамлаи тазоҳургарони тарафдори Русия, сарбозони украинӣ худашон тарк карданд. Як сухангӯи артиши Украина гуфт, ки дар Симферопол нерӯҳои Русия "Славутич", нови сарфармондеҳии сипоҳи баҳрии кишварашро гирифтаанд. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ин кишвар ва муттаҳидонаш бояд ба сабаби “золимона” аз худ кардани Қрим аз тарафи Русия масъалаи барои дарозмуддат маҳдуд кардани ҳамкориҳои низомӣ ва фурӯши аслиҳа ба он кишварро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG