Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодиро дар Ироқ куштанд


Як сарбози горди раёсати ҷумҳурии Ироқ, Муҳаммад Бадавӣ Увайд, мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Бағдодро куштааст. Ин ҳодиса рӯзи шанбе дар назди биное, ки Радиои Ироқи Озод, бахше аз Радиои Озодӣ дар он дафтар дорад, сурат гирифтааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки миёни Муҳаммад Увайд ҳангоми убури мошинаш аз назди дарвозае, ки посбонӣ мешавад, дар бораи ҳаққи гузаштан аз инҷо бо сарбози курд, ки ӯ ҳам дар мошин будааст раду бадале сурат гирифтааст ва сарбози курд аз нерӯи пешмаргаи Горди раёсати ҷумҳурӣ аз туфанг ба сӯи Муҳаммад Увайд тир андохта ва фирор кардааст. Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, амр додааст, гунаҳкорро дастгир карда ва ҷазо бидиҳанд. Муҳаммад Увайди 46-сола, ки аз соли 2004 бо тахаллуси Ҳасан Рашид барои Радиои Ироқи Озод кор мекард, ҳамсару се фарзанд дошт. Ӯ ҳамчунин унвонҷӯи бахши журналистикаи Донишгоҳи Ал-Мустансирияи Бағдод буд.
XS
SM
MD
LG