Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар бонки таҳримшуда ҳисоб боз мекунад


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, ки Маскав аз таҳримоти бештар алайҳи Вашингтон худдорӣ мекунад. Изҳороти Путин дар ҳоле садо дод, ки рӯзе пеш, Ийолоти Муттаҳида вуруди бархе аз мақомоти Русияро ба қаламрави худ манъ ва дороиҳои онҳоро мунҷамид кард. Русия дар як таҳрими қасдгирона чанд мақоми Амрико, аз ҷумла сенатор Ҷон Маккеин, раҳбари бахши умдаи аъзои Сенат Ҳарри Реид ва раиси порлумон Ҷон Боҳнерро мамнуъвуруди Русия эълон кард. Путин ҳамчунин рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти кишвараш дар Маскав гуфт, барои шаҳрвандони Украина, ки мехоҳанд ба Русия биёянд, ҳеҷ гуна виза ҷорӣ нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, ки ҷори шудани ин гуна виза "миллионҳо украинии бегуноҳро ба заҷр рӯ ба рӯ мекунад."
Мақомоти Украина рӯзи панҷшанбе гуфтанд, ки масъалаи ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Русияро баррасӣ мекунанд. Путин ҳамчунин гуфт, дар Бонки Русия, ки Вашингтон онро таҳрим кардааст, ҳисоб боз хоҳад кард
XS
SM
MD
LG