Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти ҳавопаймои гумшудаи Малазия маълум нест


Ҷустуҷӯи ҳавопаймои гумшудаи Малайзия, аз фазои Австралия гирифта то Уқёнуси Ҳинд то ҳол натиҷае надодаст ва ҳеҷ порае ҳам аз ин ҳавопаймо дарёфт нашудааст. Ахиран тасвирҳои моҳвораи ду ашёи дар ҳоли шиноро дар 2,300 километрии ғарби Австралия нишон доданд ва ин умедвориҳоеро ба бор овард, ки шояд акнун сарнавишти ҳавопаймои гумшуда рӯшан шавад. Дарозии ин ду ашё дар тасвирҳои моҳвораӣ - яке 25 ва дигаре 5 метр буд. Мақомоти Австралия гуфтаанд, ки кофтукоби ҳавопаймо охири ҳафта ҳам идома хоҳад дошт. Аммо Варен Трасс, ноиби нахуствазири ин кишвар гуфтааст, ин ду ашё, ки шаш рӯз пеш моҳвораҳо сабт карданд, эҳтимолан ғарқ шудаанд. Ҳавопаймои Малайзия бо 239 мусофир, дар таърихи 8-уми март ҳангоми парвоз дар масири Куала Лампур- Бейҷинг нопадид шуд. 26 кишвар дар ҷустуҷӯи ҳавопамои гумшуда ҳамроҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG