Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои Украина ва Русия дар Шӯрои Амнияти СММ


Юрий Сергеев-намояндаи Украина дар СММ
Юрий Сергеев-намояндаи Украина дар СММ
Шоми рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқоти Шӯрои Амнияти СММ намояндагони Украина ва Русия бо ҳам моҷаро карданд. Юрий Сергеев-намояндаи Украина дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, ки Қрим “ғайриқонунӣ” ба Русия пайвастааст ва он нақзи тамомияти арзии қаламрави Украина мебошад.

Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ гуфт, ки сокинони Қрим ба таври озод дар райпурсӣ рай доданд ва ҳақиқати таърих барқарор ва иштибоҳи Никита Хрушёв-раҳбари пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар соли 1954 Қримро ба Украина туҳфа карда буд, ислоҳ шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ аз Русия барои нодида гирифтани афкори байналмиллалӣ ва ҳақи қонунии украиниҳо интиқод кард.
XS
SM
MD
LG