Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо рафт


Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, рӯзи чаҳоршанбе, 19 март, дар бораи истеъфои ҳукумат амр содир намуд.

Кобинаи нахуствазир Ҷанторо Сотиболдиев, ки моҳи сентбяри соли 2012 таъсис шуда буд, баъди рӯзи сешанбе аз эътилофи ҳоким берун шудани ҳизби “Ота-Макон” маҷбур шуд то истеъфо диҳад. Раиси “Ота-Макон” Омурбек Текебоев гуфт, ки баъди аз маҳбас раҳо шудани яке аз раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноии кишвар ва тарки кишвар кардани ӯ Сотиболдиев ҳаққи маънавии раҳбарии ҳукуматро надорад. Раиси ҳукумат дар он ҳам айбдор шуд, ки мушкилоти марбут ба кони тиллои Кумторро ҳал накардааст.

Нахуствазир ва вазирон то таъсиси кобинаи нав фаъолияташонро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG