Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон мегӯянд, қурбони муноқишаҳои марзӣ шудаанд


Бозори марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара.
Бозори марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара.

Даҳҳо тан аз тоҷирон дар шимоли Тоҷикистон аз мақомот тақозо доранд, ки дар раҳоии молу колои онҳо, ки дар терминали Ӯши Қирғизистон банд мондаанд, мусоидат намоянд.

Беш аз 300 зани соҳибкор ва тоҷири истаравшанӣ, дар шимоли Тоҷикистон аз банд мондани 8 мошини ҳомили бору колои худ дар гузаргоҳи Ӯши Қирғизистон тайи ду моҳ нигарон буда ва ба муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, ба унвони раиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон дар музокирот бо Қирғизистон хоҳиш кардаанд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунад

Майсара Қаюмова, як зани соҳибкор аз ноҳияи Истаравшан рузи панҷшанбеи 19-уми март ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар мошинҳои дар банд монда дар марзи Қирғизистон анвои мухталифи молу колои ҳудуди 300 зани соҳибкор аст. Вай гуфт: «Бори ман аз Чин аст ва бояд тарқи Қирғизистон бояд ба Тоҷикистон меомад. Борҳои ман даруни 8-то Камаз ба аст. Бояд аз тариқи гузаргоҳи «Қизил-бел» ба Тоҷикистон мегузашт аммо ҳудуди ду моҳ мешавад, ки дар ҳамон банд монда аст ва мо зарари зиёди молӣ дида истодаем.»

Шикояти тоҷирони Истаравшан аз банд шудани борҳояшон дар Ӯш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим

Аксари тоҷирони истаравшанӣ, ки аз Чину Қазоқистон ният доштанд, маводи мухталифи хӯрока ва либосро ба бозорҳои Тоҷикистон ворид кунанд, аммо бо баста шудани марз аз ҷониби Қирғизистон пас аз муноқишаҳои марзии 11-уми январи соли ҷорӣ, сарсону саргардонанд, ки бо чӣ роҳе ин маводро ба Тоҷикистон биоранд. Тоҷирон мегӯянд онҳо қурбони муноқишаҳои марзӣ ва сарҳадбандӣ шудаанд ва бадтар аз ҳама намедонанд, кай ин мушкил ҳалли худро меёбад ва борҳояшон аз банди Қирғизистон раҳо мешавад.

Ҳарчанд Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ин мушкили соҳибкорони тоҷик огоҳ аст, аммо шумори дақиқи комюнҳои дар марзи Қирғизистон дармондаро намедонанд. Аммо Сарвар Тӯраҷонова, як тоҷири дигар дар Суғд, мегӯяд, масъулони ширкати терминалии "Ниссо" ба онҳо иттилоъ додаанд, ки танҳо дар терминали Ӯш, ҳудуди 60 мошин бо молу колои тоҷирони Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд ва наметавонанд марзро убур кунанд.

Зафарҷон Қаюмов, соҳибкори дигар аз бозори «Истравшан» мегӯяд, бархе аз тоҷирон дар он мошинҳое, ки дар Қирғизистон дармондаанд банана бор карда буданд ва онҳо умедашонро аз он кандаанд, чунки ин мева зуд вайрон мешавад ва дар ин муддати ду моҳу ҳашт рӯз аллакай сифати худро аз даст додааст. Бо ин ҳол ҷаноби Қаюмов мегӯяд, нозирони андоз аз онҳо талаб доранд то андоз супоранд: «Ба нозирони андоз гуфтем, ки мо ду моҳ мешавад савдо накардем, чи гуна андоз супорем? Аммо онҳо мегуянд ин хел намешавад, Шумо бояд андоз супурдан гиред.»

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд музокироти дуҷониба бо Қирғизистон ҷиҳати бозкушоии марз идома дорад ва интизор меравад, то ҷашни Наврӯз марз боз шуда, мошинҳо вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд. Зимнан, бархе аз соҳибназарон мегӯянд бо назардошти он, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳар ду узви Созмони ҷаҳонии тиҷоратанд, Тоҷикистон метавонад дар такя бо муқаррароти ин созмон ба Бишкек фишор орад то роҳро барои транзити озоди молу коло боз кунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Парвиз Камолиддинов, як масъули лоиҳаи ҳамкории иқтисодии минтақавии USAID мегӯяд, ягон кишвари узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳақ надорад монеи ҳамлу нақли озоди молу коло ба кишвари дигари узви ин созмон шавад: «СҶТ як ниҳоди ҳалли баҳсҳои тиҷорӣ дорад. Аммо пеш аз оне, ки як кишвар аз рӯи кишвари дигар ба ин ниҳод шикоят барад, бояд бо як дигар кӯшиши ҳалли баҳсро кунанд. Агар баҳс ҳалли худро наёфт, кишвар метавонад, ба он ҷо шикоят барад. Тоҷикистон ҳоло ба Қирғизистон гуфтушунид дорад, дар сурати ҳал нашудани ин мушкил кишвар ҳақ дорад аз болои Қирғизистон ба СҶТ шикоят барад.»

То ба ҳол ҳеҷ яке аз ниҳодҳои Тоҷикистон зиёни аз марзбандиҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон расидаро ҳисоб накардааст. Танҳо Оҷонсии омори Тоҷикистон, ахиран гузориш дод, ки содироти молу коло аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар як моҳи гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта худуди 90 дарсад коҳиш ёфта ва ҳамагӣ як миллиону 112 ҳазор долларо ташкил кардааст. Ин рақам дар моҳи январи соли 2013, ёздаҳ миллион долларро ташкил додааст.

Ҳамакнун марзбандии ҷониби Қирғизистон ба фаъолият дар бозорҳои Тоҷикистон асароти хешро расонидааст. Барои мисол маҳз пас аз ин марзбандиҳо камбуди як зумра анвои шоколадҳои маъруф назири Сникерсу, Баунти ва Марс дар дӯконҳои кишвар эҳсос мешавад. Ҳамчунин иддае аз соҳибкорон, ки дар гузашта аз Бишкек молу коло меоварданд, ру ба Чину Туркия оварданд.
XS
SM
MD
LG