Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳукумати Қирғизистон парокандагӣ таҳдид мекунад


Омурбек Тикебаев
Омурбек Тикебаев
Ҳизби “Ата Мекен”-и Қирғизистон эълон кард, ки аз эътилофи ҳоким хориҷ мешавад. Ин бад-он маъност, ки эътилофи ҳоким амалан пароканда шудааст. Омурбек Тикебаев-раиси “Ата Мекен” ё “Падарватан” баъд аз мулоқоти ҷиноҳи ин ҳизб дар порламон дар ин бора рӯзи сешанбе эъломия пахш кард.

Ин ҳизб мегӯяд, Ҷонторо Сотиболдиев-нахуствазири кишвар баъд аз раҳоии қабл аз мӯҳлати раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ аз зиндон ҳақи маънавии худро аз даст дод ва ҷинояткор баъд аз раҳоӣ аз кишвар фирор кардааст.

“Ата Мекен” ҳамчунин мегӯяд, ки Сотиболдиев натавонистааст масъалаи афзоиши саҳмияҳои Қирғизистон дар кони тиллои Кумторро ҳал кунад. “Ата Мекен” бахше аз эътилофи ҳоким буд, ки дар соли 2012 дар ташкили ҳукумат саҳм дошт. Дар ин эътилоф ҳамчунин Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ар-Намус низ ҳастанд.

Вазирон то ташкили кобинаи нави вазирон дар мақомҳои худ ифои вазифа хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG