Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк: Ба касе истифодаи забони русӣ мамнуъ нашудааст


Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина мегӯяд, забони русӣ дар минтақаҳое, ки рустаборон аксариятро ташкил медиҳанд, ба эътибори худ боқӣ мемонад ва мақоми расмии худро дар баробари забони украинӣ ҳифз хоҳад кард.

Ятсенюк рӯзи сешанбе дар муроҷиати худ ба аҳолии минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Украина гуфт, ки замонат барои эътибори забони русӣ дар моддаи 10 Қонуни Асосии Украина таъкид шудааст ва онро бори дигар Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурӣ тасдиқ кардааст.

Ятсенюк ҳамчунин гуфт, ки даромадани Украина ба узвияти НАТО матраҳ нест, вале таъйид кард, ки Киев дар бахши сисёсии Мувофиқатномаи ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар Бруссел имзо мегузорад. Вале вай таъкид кард, ки дар муносиботи худ бо Иттиҳодияи Аврупо ва Русия ба касе бартарӣ қоил нахоҳад шуд ва аз усули “ё бо ҳама ё бо ҳеҷ кас” кор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG