Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи миқдори зиёди маҳсулоти пастсифату хатарнок


Масъулони Оҷонсии «Тоҷикстандарт» мегӯянд, аз авали соли ҷорӣ миқдори калони маҳсулоти пастсифату барои аҳолӣ хатарнокро ошкор намудаанд.

Аз дафтари матбуоти Оҷонсии «Тоҷикстандарт» рӯзи 18-уми март хабр доданд, ки давоми 3 моҳи охир, аз ҷумла, зимни гузаронидани санҷиши муайян гардид, ки дар анборхонаи ҷамъияти “Умед 2011” ба миқдори 61 тонна қиммаи гӯшти мурғ, ки аз давлати Чин ворид шуда буд, мӯҳлати истеъмолиаш гузаштааст.

Ин манбаъ афзуд, «баъд аз гузаронидани ташхис маълум гардид, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ нест ва тибқи хулосаи комиссияе, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ташкил шуда буд, як қисми маҳсулот ба Хадамоти кинелогии Вазорати корҳои дохилӣ, саридораи қушунҳои сарҳадӣ, оҷонсии назорати маводи мухаддир ва дигар муассисаҳои хоҷагидор ба сифати хӯроки ҳайвонот пешниҳод шуда, қисми дигар нобуд карда шуд.»

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо раёсати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе зимни як санҷиш 570 кг маҳсулоти қаннодӣ ва 3 000 кг маёнези ба соҳибкор Ҳикматулло Тӯраев мансуббуда бо сабаби гузаштани муҳлати истеъмолиашон, ба боғи ҳайвоноти Душанбе фиристода шуда, қисми дигари маҳсулоти пастсифат нобуд карда шудаанд.

Кормандони оҷонсии Тоҷикстандарт дар амборхонаи корхонаи “Осмони соф” низ миқдори зиёди маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолиашон гузашта, аз ҷумла 800 кило равғани растанӣ, 170 кило хӯроки атфол, 60 кило маҳсулоти қаннодӣ, 180 кило маҳсулоти макаронӣ, ки миқдори умумиашон 1193 кг-ро ташкил медиҳанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Дар соли сипарӣ дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ аз ҷониби мутахассисони оҷонсӣ дар 170 ҳолат маҳсулоти гуногуни хӯроквории мӯҳлаташон гузашта ва ғайристандартӣ ба миқдори зиёда аз 1140 тонна ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG