Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина сафираш дар Русияро "барои машварат" бозхонд


Володимир Елченко
Володимир Елченко
Украина рӯзи душанбе сафираш дар Русия Володимир Елченкоро барои машварат ба Киев бозхонд. Дар ин бора вазорати умури хориҷии кишвар хабар дод.

Аз ин пеш Барак Обама,раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 17 март амр кард, ки ҳисобҳои бонкии 7 мақоми Русия, бо шумули ду мушовири раиси ҷумҳуриро дар посух ба ишғоли вилояти Қрими Украина мунҷамид кунанд. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки раъйпурсӣ бо вуҷуди ҳушдори ӯ ба Маскав сурат гирифтааст. Обама гуфт, ки “ман дирӯз ба раисиҷумҳур Путин гуфтам, ки раъйпурсӣ дар Қрим нақзи Қонуни асосии Украина ва ҳуқуқи байнулмилалист ва он аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ пазируфта нахоҳад шуд.

Таҳримҳои Амрико билофосила ба дунболи таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо алайҳи 21 мансабдори аршади Русияву Қрим эълон шуд. Вазирони хориҷаи иттиҳодия рӯзи 17 март дар Брюссел дар посух ба ишғоли Қрим аз сӯи Русия ҷиҳати ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи 21 мақоми Русияву Қрим тавофуқ кардаанд. Ин таҳримот бастани ҳисобҳои бонкӣ ва манъи ироаи раводиди сафар ба ин мансабдоронро дар бар мегирад. Аммо вазири хориҷаи Литва Линас Линкевичюс дар Твиттер гуфтааст, таҳримҳои бештар ғолибан дар рӯзҳои наздик эълон хоҳанд шуд.

Ба иттилои мақомоти интихоботии Қрим, аз пайвастани нимҷазира ба Русия тақрибан 97 дар сади ширкаткунандагони раъйпурсиии рӯзи якшанбе, 16 март, пуштибонӣ кардаанд.

Ҳукумати русгарои нимҷазираи Қрим рӯзи душанбе минтақаро кишвари мустақиле эълон кард, ки дар он шаҳри Севастопол мақоми вижа дорад. Дар иҷлосия ҳамчунин парлумон аз Радаи Қрим ба Шӯрои давлатии Қрим табдили ном кард.

Ҳукумати Киев, раҳбарони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ раъйпурсии Қримро “ғайриконститутсионӣ” номиданд. Вале Русия онро комилан қонунӣ мешуморад ва Думаи давлатӣ ваъда додааст, ки дар наздиктарин фурсат дар мавриди пайвастани Қрим ба ҳайати Русияро тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG