Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба қатъномаи Украина вето гузошт


Русия ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар бораи ҳифзи тамомияти арзии Украина вето гузошт. Дар ин қатънома ҳамчунин аз ҳукумату давлатҳои кишварҳои узви СММ хоста шуда буд, ки натиҷаҳои райпурсии Қрим дар бараи пайвастан ба Русияро эътироф накунанд.

Чин аз додани рай барои ин қатънома дар Шӯрои Амният худдорӣ намуд. Аз 15 узви Шӯрои Амният 13-тои он ба ҷонибдорӣ рай медиҳанд, Русия мухолиф рай дод.

Пештар Верховная Рада ё порламони Украина барои пароканда сохтани Шӯрои Олӣ ё порламони минтақавии Қрим рай дод. Аз 278 нафар намояндагон аксарият ба ҷонибдорӣ аз пароканда кардани Шӯрои Олӣ рай доданд.

Ҷонибдорони тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният хуб медонистанд, ки Русия ба ин тарҳ вето мегузорад. Аммо Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ қабл аз райдиҳӣ гуфт, ин кор ба хотири он анҷом мегирад, ки Русия дар инзиво қарор доштани худро бубинад, зеро “роҳи ғайри сулҳомези” ҳали масъаларо пеш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG